Вохӯрии Вазир бо Директори ҲМИОМ
27 сентябри соли ҷорӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Директори Институти Ҳамкориҳои Минтақавии Иқтисодии Осиёи Марказӣ ҷаноби Кубат Умурзаков баргузор гардид. Ҳамчунин дар ин вохӯрӣ намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ҳузур доштанд.
Дар ҷараёни мулоқот, ки дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои диверсификатсия ва ташаккули гузаргоҳҳои иқтисодӣ, нақлиётӣ ва кластерҳо, ҳамкорӣ дар соҳаи гумрук, мусоидат ба савдо ва ҳамкории давлатҳои ҲМИОМ дар соҳаи кишоварзӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Институти ҲМИОМ дар ҳамаи самтҳои афзалиятдоштаи иқтисодиёт баён доштанд.