Навиди Вазорат



Иштироки Вазир дар Форумими байналмилалии соҳибкорӣ «Душанбе -2016»

.

14 октябри соли 2016 дар МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» Форуми байналмилалии соҳибкорӣ «Душанбе -2016» баргузор гардид.

Дар доираи Форуми мазкур дар панели «Сиёсати иқтисодии ба сармоягузорӣ асосёфта: имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди истеҳсолоти миллӣ», ки таҳти раёсати Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон - Неъматулло Ҳикматуллозода доир гардид, Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо - Умед Давлатзод, Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Нигина Анварӣ, Роҳбари лоиҳаи минтақавии “Таҷрибаи глобалӣ оид ба савдо ва рақобатпазирӣ” - и Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ- Кристофер Миллер, Роҳбари Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон - Туула Юрёля, Директори минтақавии ташкилоти ОКСФАМ - Шафқатхонум Ализода, инчунин намояндагони бахши хусусӣ ва сармоягузорони ватанию хориҷии дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияткунанда иштирок намуданд. 

Ҷаласаро Вазири рушди иқтисод ва савдо ифтитоҳ намуда, нуктаҳои асосии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро муаррифӣ намуд.

Дар чорабинии мазкур Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод оид ба фаъолият ва рушди минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар маърӯза намуд. Қайд карда шуд, ки аз оғози фаъолият то имрӯз 67 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 16 ширкат аллакай фаъолияти истеҳсолии худро ба роҳ монда, ширкатҳои боқимонда бо корҳои сохтмонии корхонаҳо ва ворид намудани таҷҳизот машғуланд. Сармоягузории мустақим ба минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ то имрӯз ба 1 млрд. сомонӣ расида, ҷойҳои кории мавсимӣ ва доимӣ бошад 1900 ҷойро ташкил медиҳад. Инчунин, дар доираи панели мазкур намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Кристофер Миллер роҷеъ ба имкониятҳои мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ибрози назар намуд.

Сипас, муаррифии Директори минтақавии ташкилоти ОКСФАМ - Шафқатхонум Ализода дар мавзӯи “Нақши занон дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ” пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Дар анҷоми панел се ширкат ҳамчун субъекти минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар - ҶСП «Фон-Дарё» дар МОИ «Панҷ», корхонаи муштараки тоҷику-туркии «Арча-мебел» ва ҶДММ «Тоҷикполиэтилен» дар МОИ «Суғд» қабул карда шуда, дар вазъияти тантанавӣ ба ширкатҳои мазкур Шаҳодатномаи субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ супорида шуд.