Рӯнамо дар мавзӯи «Тартиби таҳияи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»
10 ноябри соли 2016 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шиносоии кормандони вазорат ба моҳият ва аҳамияти лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷамъомад доир гардид. Чорабинии мазкурро Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бо сухани муқаддимавӣ оғоз бахшид, сипас муовини вазир Умед Давлатзод рӯнамо дар мавзӯи «Тартиби таҳияи лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро пешкаши ҳозирин намуда, хусусиятҳо, афзалиятҳо ва ҳадафҳои ҳуҷҷати мазкурро ба таври муфассал шарҳ дод.
Дар анҷом Вазири рушди иқтисод ва савдо Н.Ҳикматуллозода нақши Вазоратро дар тартиб ва таҳияи лоиҳаи ҳуҷчати мазкур калидӣ хонда, иброз намуд, ки Вазорат минбаъд низ барои дар амал татбиқ гардидани ҳадафҳои«Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳад кард.
Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз тарафи Ҳукумати ҶТ мақбул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси Олии ҶТ манзур гардидааст.