Навиди Вазорат



Муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ

.

11 ноябри соли 2016 дар МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бизнес-форуми байналмилалии иқтисодӣ-сармоягузорӣ таҳти унвони «Гавҳари Роҳи абрешим» баргузор гардид.

Дар Форуми мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ– Фаррух Ҳамрализода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон - Неъматулло Ҳикматуллозода, Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо – Гулрӯ Ҷабборзода, Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Нигина Анварӣ, Муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Манзура Рустамова, Мушовири Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои амниятӣ – ҷаноби Чен Гопин, Роҳбари Маркази табодули фарҳангии «Сайёҳат ба хотири сулҳ» ҷаноби Шао Чанчун, намояндагони бахши хусусӣ ва сармоягузорони хориҷию ватанӣ, инчунин субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар иштирок намуданд. 

Ҷаласаро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ– Фаррух Ҳамрализода ифтитоҳ намуда, суханро ба Вазири рушди иқтисод ва савдо доданд.

Дар ҷараёни ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода қайд намуданд, ки бо мақсади истифода аз тамоми имкониятҳои ҷойдошта, Тоҷикистон азми қавии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо тамоми кишварҳо, хусусан бо шарикони минтақавӣ барои эҳёи Роҳи абрешим баён намудааст. Татбиқи камарбанди Роҳи абрешим ба рушди соҳибкории хурду миёна такони ҷиддӣ медиҳад. Баргузории Форуми мазкур ҳамчун қадами навбатӣ дар самти рушду нумӯи фаъолияти МОИ- Тоҷикистон буда, имрӯз доираи васеи сармоягузорони дохилию хориҷӣ оид ба имкониятҳои мавҷудаи МОИ-и ҷумҳурӣ маълумоти муфассал пайдо хоҳанд кард.

Сипас, иштирокчиёни чорабинии мазкур Некрӯй Забирзода –Директори КВД «Тоҷ-инвест» оид ба фазои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суфиев Шоҳин - сармутахассиси Раёсати маъмуригардонии минтақаҳои озоди иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ вобаста ба имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нарзулло Дадабоев- Роҳбари ҶДММ «Арча» роҷеъ ба дастовард ва нақшаҳои минбаъдаи ширкати мазкур, инчунин дигар ширкаткунандагон оид ба мавзӯъҳои мавриди назар маърӯзаҳо намуданд.

Дар анҷоми Форум ба як қатор ширкатҳои фаъоли ватанию хориҷӣ, ки дар рушди иқтисоди кишвар саҳми назарраси хешро гузоштаанд, ҷоизаи ҳамкориҳои иқтисодии «Роҳи абрешим» тақдим гардид.