Ҷаласаи дуюми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо
Мутобиқи талаботи Созишномаи СУС оид ба соддагардонии расмиёти савдо ва бо мақсади таъмини ҳамкории байниидоравии вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳо ва ташкилотҳо, таъмини ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар масъалаи соддагардонии расмиёти савдо ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ дар кишвар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2016, №529 “Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо” таъсис дода шуд.
Амалӣ намудани муқаррароти Созишномаи мазкур имкон медиҳад, ки дар кишвар ҳангоми амалиётҳои содиротию воридотӣ ва транзити молҳо тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Инчунин, татбиқи Созишномаи мазкур дар маҷмӯъ ба тезонидани ҷараёни татбиқи низоми иттилоотии “Равзанаи ягона”, огоҳонидани субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, кам кардани ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми амалиётҳои содиротию воридотӣ нисбат ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардидаи самти мазкур ва татбиқи усули идоракунии таваккал дар сарҳад ҳангоми содироту воридот тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
5-уми апрели соли 2017 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорат ҷаласаи дуюми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ (аъзои Кумита), ташкилотҳои тиҷоратӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон (аъзои Кумита) ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими кишвар иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа аз ҷониби намояндагони корхонаву ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон дар робита ба мушкилоти мавҷуда дар пешбурди фаъолияти марбут ба расмиёти содиротию воридотӣ ва транзити молҳо як қатор таклифҳо баррасӣ ва барои тасдиқ пешниҳод гардиданд. Инчунин, лоиҳаҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини мутобиқати қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқаррароти Созишнома дар бораи соддагардонии расмиёти савдо ва Нақшаи чорабиниҳо баҳри таъмини мутобиқати қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муқаррароти Конвенсияи байналмилалӣ оид ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ (Конвенсияи таҷдидгардидаи Киото) барои тасдиқ пешниҳод гардида, инчунин, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба кам кардани вақт ва хароҷоти субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ барои содирот, воридот ва транзити молҳо» баррасӣ гардид. Нақшаи кори Кумита барои солҳои 2017-2018 муҳокима ва қабул гардид.
Дар рафти ҷаласа рӯйхати намояндагони корхонаву ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон барои аъзогӣ ба Кумита тасдиқ гардида, барои пешбурди масъалаҳои Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиётҳои содиротию воридотӣ ва транзити молҳо бо мақсади беҳсозии фазои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Хадамоти гумрук Гурӯҳи кории техникӣ таъсис дода шуд.