Мулоқот бо Императори Япония Акихито
5 октябри соли 2018 дар доираи сафари расмӣ дар Япония Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо императори Япония Акихито мулоқот карданд.
Дар мулоқот бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳу сифати муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Япония дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония дар марҳилаи рушду тавсеаи бештар қарор дошта, то имрӯз байни ду кишвар зиёда за 420 лоиҳаи муштараки иҷтимоӣ ба маблағи беш аз 350 миллион доллари америкоӣ татбиқ карда шудааст.
Ҷонибҳо бо ёдоварӣ аз робитаҳои таърихию қадимии ду давлат аз сатҳу сифати имрӯзаи муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, муҳимияти рушду густариши ҳамкориро дар ин соҳаҳо таъкид доштанд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба рушду тавсеаи бештари ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои молиявӣ, ҷалби сармояи мустақими Япония ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши хусусӣ зоҳир карда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония барои дастгириҳои пайваста дар таълим ва таҷрибаомӯзии мутахассисони тоҷик дар муассисаҳои таълимии Япония дар доираи барномаҳои зиёди ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва кумакҳои техникию гуманитарӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба муҳимияти муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилу фаромиллӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва таҳкими тадбирҳои идоракунии сарҳади давлатӣ бо дарназардошти вазъи мураккаби Афғонистон ҳам дар доираи дуҷониба ва ҳам дар доираи Муколамаи "Осиёи Марказӣ + Япония" табодули афкори судманд сурат гирифт.