Навиди Вазорат



Иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Давҳа

.

Рӯзҳои 8 - 10 октябри соли 2018 дар шаҳри Давҳа аввалин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ватанӣ дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, кишоварзӣ, дорӯсозӣ, истеҳсоли маводди рӯзгор, масолеҳи сохтмонӣ, лавозими ороишӣ, инчунин таълими касбӣ ва хидматрасонии сайёҳӣ бо ҳузури 360 ширкату корхонаҳои истеҳсолӣ аз давлатҳои Қатар, Тоҷикистон, Кувайт, Уммон, Марокаш, Тунис, Алҷазоир, Туркия, Эрон, Покистон, Озарбойҷон ва Урдун баргузор гашт. Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ ширкату корхонаҳои Тоҷикистон –ҶДММ “Ноқили Талко”, ҶСП “Оби Зулол”, корхонаи муштараки “Аввалин” ва ҶДММ “Реал” маҳсулоти ватаниро муаррифӣ намуданд.

 

Дар ҳошияи чорабинии мазкур Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Таъмини рушди босуботи иқтисодӣ дар ҳамкорӣ бо Қатар” доир гашт, ки дар кори он ҳайати тоҷикистонӣ бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон - Неъматулло ширкат варзид. Роҳбари ҳайати Тоҷикистон ширкаткунандагони конфронсро бо фазои сармоягузорӣ ва иқтидори саноатию содиротии Тоҷикистон, соҳаҳои афзалиятнок шинос намуда, доир ба дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, ҷалби сармоягузориҳо, нақлиёту коммуникатсия ва дигар соҳаҳо нуқтаҳои заруриро қайд намуд.

Дар рафти чорабинии мазкур ҳамчунин мулоқоту музокироти судманди намояндагони ширкату корхонаҳои Тоҷикистон бо соҳибкорони қатарӣ ва дигар кишварҳои хориҷӣ, ки ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва воридоти маҳсулоти миллии Тоҷикистон алоқаманданд, баргузор гардиданд.