Навиди Вазорат



Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Сергей Румас

.

 

12 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Сергей Румасро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз рушду густариши равобити ду кишвар, ки бо талошҳои пайвастаи роҳбарони давлатҳо ва сафарҳои ҷавобии сарони кишварҳо, ба даст омадааст, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот вазъи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар доираи ташкилотҳои байналмилалӣ баррасӣ карда, таъкид доштанд, ки ин муносибатҳо дар асоси эътимоду боварии дуҷониба асос гирифта, марҳила ба марҳила ба сатҳи шарикии стратегӣ мебарояд.

Таъкид гардид, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон ба густариши ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ бахшид.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманди иқтисодию тиҷоратӣ, робитаҳои байниминтақаҳо ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ, доираҳои соҳибкорӣ, соҳаи саноат, кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла маҳсулоти ширу гушт, воридоти техникаю технологияи муосир, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Таъсиси корхонаи муштараки “Агротехсервис” дар шаҳри Ҳисор оид ба истеҳсоли техникаҳои кишоварзӣ ва бунёди боғҳо дар вилоятҳои Брест ва Гомели Беларус намунаи беҳтарини ҳамкории дуҷониба арзёбӣ карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, мулоқоти доираҳои илмӣ ва аҳли эҷод, табодули андеша карданд.