Навиди Вазорат



Мулоқоти Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо

.

Рӯзи 11 феврали соли 2019 мулоқоти Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мерилин Ёсефсон ва ҳайати расмии Иттиҳоди Аврупо аз шаҳри Брюссел баргузор гардид.

 Дар мулоқот бо мақсади тақвият додани ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ масъалаҳо вобаста ба тезонидани раванди ноил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Низоми умумии бархурдории тиҷорати GSP+ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Воридшавӣ ба Низоми мазкур имкон медиҳад, ки зиёда аз 6000 молҳои истеҳсоли ватанӣ ҳангоми содирот ба бозорҳои Иттиҳоди Аврупо аз рӯи низоми боҷҳои сифрии гумрукӣ содирот карда шаванд.

Барои бархурдорӣ аз низоми мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд низоми қонунгузорӣ ва ӯҳдадориҳои худро ба талаботи 27 Конвенсия ва протоколҳои ратификатсиякардаи ҷумҳурӣ ва регламентҳои Шӯро ва Парлумони Иттиҳоди Аврупо мутобиқ намояд, ки дар ин самт як қатор корҳои амалӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Ҷониби аврупоӣ изҳори омодагӣ намуд, ки ҷиҳати шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми умумии бархурдории тиҷорати GSP+ мусоидат менамояд.

Дар рафти мулоқот аз кӯмаку дастгириҳои Иттиҳоди Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла маблағгузории буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 9,2 млн. евро, лоиҳаи сохтмони НБО “Себзор” ба маблағи  20 млн. евро ва соҳаҳои иҷтимоӣ ба маблағи 14,3 млн. евро изҳори қаноатмандӣ карда шуд.