Навиди Вазорат

Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

 

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин, бо иштироки муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нуҳ моҳи соли 2021 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ баргузор гардид.

Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд дар Осиёи Марказӣ

.

 

18 октябри соли 2021 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд (БИР) дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ баргузор гардида, дар доираи он лоиҳаҳои амалкунанда ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистону БИР мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

.

 

15 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.