Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба Нақшаи кории муштараки Барномаи қолабии СММ ҷиҳати расонидани кумак барои рушд дар Тоҷикистон (ЮНДАФ) баргузор гардид
2 апрели соли 2021 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони оҷонсиҳои СММ - аъзои Гурӯҳҳои натиҷавии Барномаи қолабии СММ оид ба расонидани кумак барои рушд дар Тоҷикистон (ЮНДАФ) ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба Нақшаи кории муштараки ЮНДАФ барои солҳои 2021-2022 баргузор гардид.