Навиди Вазорат

Таҳти раисии муҳтарам Давлаталӣ Саид ҷаласаи Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ баргузор гардид

.

Таҳти раёсати Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид рӯзи 23 январи соли 2021 ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута баргузор гардид.

ЭЪЛОН!!!

.

 

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади баланд бардоштани мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои истеҳсолии кишвар Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди миллии Тоҷикистон»-ро эълон менамояд.

Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид.

.

15-уми январи соли 2021 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар соли 2020 бо иштироки Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Муллоев Маҳмадӣ Ҷураевич баргузор гардид.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное