Мусоҳибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рузномаи “аш-Шарк”-и Давлати Қатар
(Сарсухани Ҳайати таҳририяи рӯзнома)
Дар мусоҳиба бо рузномаи «Аш-Шарқ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои Тоҷикистону Қатарро дар ҳамаи сатҳҳо баланд арзёбӣ карда, аз мазмуну муҳтавои онҳо изҳори қаномандӣ намуданд ва иброз доштанд, ки муносибатҳои дуҷонибаи ин кишварҳо тайи солҳои охир бомаром рушд карда истодаанд. Ҷаноби Олӣ таъкид карданд, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи миёни Тоҷикистон ва Қатар бар асоси арзишҳои муштараки тамаддуниву таърихӣ ва усули бародариву ҳамдигарфаҳмӣ, риояи манфиатҳо ва эҳтироми ҳамдигар роҳандозӣ гардидаанд. Ҳамчунин, бо ишора ба таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву илмӣ, Форуми соҳибкории ҷонибҳо илова карданд, ки механизмҳои ҳамкориҳои тарафайн ва заминаи ҳуқуқии онҳо ташаккул ёфтаанд. Зимнан Ҷаноби Олӣ алоқамандии кишварашонро ҷиҳати тақвият бахшидан ба фаъолияти ҳамаҷонибаи абзорҳои мазкур дар доираи шарикии иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Қатар қайд карданд.