Ифтитоҳи ҶДММ «Ориё - Медикал» дар шаҳри Душанбе
15 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориё - Медикал»-ро мавриди истифода қарор доданд.