Боздид аз намоишгоҳи кишоварзӣ ва гармхонаи замонавӣ дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2»-и ноҳияи Спитамен

25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамен ҳамчунин аз намоиши дастовардҳои кишоварзон ва гармхонаи замонавӣ дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2»-и деҳоти Тағояк дидан намуданд.
 
                                             
                                             
                                            







