Мулоқоти намояндагони Тоҷикистон бо Озарбойҷон
Рӯзи 27 декабри соли равон дар меҳмонхонаи «Ҳайат реҷенсӣ» таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, Неъмутулло Ҳикматуллозода дар якҷоягӣ бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мулоқоти дуҷониба бо ҳайати Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки зери сарварии Вазири иқтисоди Озарбойҷон ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буд, баргузор гардид.