Навиди Вазорат

Ба истифода супоридани хати барқии 220 кВ «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва зеристгоҳи «Рӯдакӣ»

.

Дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯзи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд хати интиқоли барқи 220 киловолтаи «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва зеристгоҳи барқии «Рӯдакӣ»-ро баъди таҷдиду навсозӣ дар доираи лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази идоракунии зеристгоҳ бо пахши тугмаи рамзӣ ин иншооти энергетикиро расман ифтитоҳ намуданд.

Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд

.

28 марти соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои Иди байналмилалии Наврӯз, расми кушодашавии як қатор иншооти ҷашнӣ ва шиносоӣ бо вазъи рӯзгори мардум ба шаҳри бостонии Панҷакенти вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сарвари давлатро дар фурудгоҳи шаҳр мардуми меҳнатқарини шаҳри Панҷакент бо самимияти хоса ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд. Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Панҷакент аз ҷониби ҳунармандону ҷавонон ҷолибу хотирмон доир гардид.

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Полша Анҷей Себастян Дуда

.

26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Полша Анҷей Себастян Дуда, ки дар роҳи бозгашт аз Афғонистон дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таваққуфи кутоҳи транзитӣ кард, мулоқоти корӣ анҷом доданд.