Ифтитоҳи корхонаҳои дӯзандагии ҶДММ “Ситораи тоҷ” ва ҶДММ “Лидер” дар шаҳри Хуҷанд
9 сентябр дар рӯзи таҷлил аз 33 - юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ду корхонаи нави саноатӣ – ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Ситораи тоҷ” ва “Лидер”-ро, ки ҳар ду дар як бино ҷойгир аст, мавриди истифода қарор доданд.