Оғози сафари корӣ дар ВМКБ ва боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи “Қалъаи Хумб - Ванҷ, сарҳади маъмурии ноҳияи Рӯшон” дар ноҳияи Дарвоз
15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз рафти тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.