Навиди Вазорат

Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо дар тантанаҳои ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ иштирок намуд

.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид барои иштирок дар чорабиниҳои ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Панҷ 9 то 11 сентябри соли 2022 сафари корӣ анҷом дода шуд.

Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия вохӯрӣ намуд

.

Рӯзи 9-уми сентябри соли 2022 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин, Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ, бо Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Решетников Максим Геннадиевич вохӯрӣ намуд, ки дар он масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, ҷалби сармоя, омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ва иҷрои бандҳои протоколи он муҳокима гардиданд.

Ифтитоҳи Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол” дар шаҳри Душанбе

.

8 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол”-ро ифтитоҳ карда, дар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.