Навиди Вазорат

Маросими супоридани ҷоизаҳо ба иштирокчиён ва ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии “Бренди миллии Тоҷикистон”

.

Санаи 30 июли соли ҷорӣ бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон ва Директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо Мирзо Исмоилзода инчунин бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муасиссаҳо, тарроҳон ва рассомон дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба иштирокчиён ва ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди миллии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Ифтитоҳи корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд-саноат-паранда” дар шаҳри Бӯстон

.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд-саноат-паранда”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ифтитоҳи корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Текстилимпекс” дар шаҳри Хуҷанд

.

30 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи нави Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Текстилимпекс”-ро мавриди истифода қарор доданд.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное