Кӯҳҳо ва кӯлҳо

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Дар ҳудуди Тоҷикистон наздики 1450 кӯлҳо ба кайд гирифта шудааст, ки баъзеи онҳо дар баландии беш аз 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр мебошанд. Кишвар аз кӯлҳои зебо бой буда, ҳар як кӯл таърихи пайдоиши худро дорад. Ҷанубтар аз дараи Зоол, дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, кӯли калони шури Қарокӯл, ки дар баландии 3914 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, ки чуқурии он 236 метр мебошад. Муайян карда шудааст, ки кул дар давраи яхбандии сахт бавуҷуд омада ва чуқурии он бо пиряхҳои яхбаста доимо пушонида шудааст. Кул бо ибораи туркӣ “Кули сиёҳ” ном бурда мешавад. Дар ҳолати шамоли сахт мавҷҳои кул баланд шуда оби кул ранги сиёҳро мегирад ва аз ҳамин ҷо номи кул гирифта шудааст.

 

Бо ақидаи олимон, ҳавзаи кул дар натиҷаи тағйроти сохти яхбандии қадим, бавуҷудои тектоникиро дорост. Аз ин ру тадқиқоти геологии солҳои охир, инчунин дар натиҷаи омӯзишҳои аксҳои кайҳонии кул баъзе олимон ақида доранд, ки кули Қароқӯл 25 млн сол пеш дар натиҷаи афтиши метеорид ба вуҷуд омадааст. Зарбаи сахти метеорит ба замин дар натиҷаи танураи 45км-ро ба вуҷуд овардааст. Аҷоиботи кул дар он аст, ки пиряхҳои соҳилҳои кул дар фурсати муайяншуда зери об мераванд.

Дар бораи аз куҷо пайдошудани яхҳо байни олимон ақидаи гунногун вуҷуд дорад. Чи гунае набошад, пиряхҳои соҳили кул оҳиста- оҳиста об шудаистода, дар натиҷа, дараҳо, шар-шараҳо, кулчаҳо бо ҷазирачаҳоро ба вуҷуд меорад. Андозаи худи кул доимо дар тағирёбист. Кули Сарез- яке аз зеботарин ва асрорангезтарин кули Тоҷикистон мебошад. Ин марвориди кули Помирро “Аждари хуфта” низ меноманд.

Кули Сарез зимистони соли 1911 дар натиҷаи ҷунбиши замин, ки дараҷаи он 9 балли рихтериро дошт бо афтидани пораҳои куҳ дар сари роҳи дарёи Бартанг (Мурғоб) падид омадааст. Дар паи ин зилзила деҳаи Усой дар Бадахшони Тоҷикистон зери хоку санг монд. Баландии куҳпораи фуруғалтида аз қаъри кул то сатҳи болояш 567м, ҳаҷми фуруғалтидааш 2,2 км, чуқуриаш 500м-ро дар бар мегирад. Минбаъд сарбанди ба амал омада ба номи Усой ва қишлоқи Сарез, ки зери об монда буд кул пайдо шуд ва бо номи Сарез машҳур гашт.

Искандаркул дили фонкуҳ- марвориди куҳҳои Тиён-шан ба ҳисоб меравад. Шакли секунҷаро доро буда дар баландии 2195-2200м аз сатҳи баҳр мавқеъ дорад, аз 86-72 м умқ, 3,2 км дарозӣ, 1,5 км паҳноӣ ва 14,5 км доира дорад. Гармии об + 11,5 то + 18,0 зимистон ях мекунад.

Пайдоиш ва ташаккулёбии Искандаркӯлро мо дар рӯй додани ҷараёнҳои дохилии замин, мавҷҳои палеосейсмикии 8-9 балла, зарбаҳои зеризаминӣ (таркишҳо) ва экзогенӣ лағжиш (ярч) ва селу селравиҳо, фурӯғалтҳо аз ҳисоби боришоти аз меъёр зиёд, обҳои зеризаминӣ, ки дар давру замонҳои гузаштаи геологӣ ҷой доштанд ба атроф паҳн гардида чун «оташ ба бензин» сабаби асосӣ мебошад.

Пайдоиш ва ташаккулёбии Искандаркӯлро мо дар рӯй додани ҷараёнҳои дохилии замин, мавҷҳои палеосейсмикии 8-9 балла, зарбаҳои зеризаминӣ (таркишҳо) ва экзогенӣ лағжиш (ярч) ва селу селравҳо, фурӯғалтҳо аз ҳисоби боришоти аз меъёр зиёд, обҳои зеризаминӣ, ки дар давру замонҳои гузаштаи геологӣ ҷой доштанд ба атроф паҳн гардида чун «оташ ба бензин» сабаби асосӣ мебошад.

Дар табиати хушманзараи водии Зарафшон гӯшаҳое дучор меояд, ки офаридаҳои ғайримуқаррарӣ дошта дар бахшашон, ривояту афсонаҳо эҷод кардаанд.

Искандаркӯлро аксарият бо ному насаби истилогари юнонӣ (Искандари Мақдунӣ 356 п.м.-323 п.м.) вобаста мекунанд, ки соли 329 п.м. Осиёи Миёнаро забт кардаст.

 Искандаркӯл якчанд маротиба номгӯйи дигар дошта дар рисолаи Ибни Фариғунӣ ё «Ҳудуд-ул-олам» (893 муаллифаш номаълум) (Фалғар, Парғар)-ро Бутамони Миёна номида, Искандаркӯли имрӯзаро Дурдона чун андаруни вай нишон додаст. Дар миёнаҳои асри XVIII дар асари «Нақшаи роҳи обӣ», «Харитаи генералии империяи Русия» (1776) ва «Харитаи Осиё» (1795) К.Ф.Бутёнов муҳандис-афсари рус Искандаркӯлро чун «Таран» (дар амалиётҳои ҳарбӣ вазъияти муҳосира) акс кардаст.

Ин номгӯй ба ҳақиқат рост намеояд, чунки дар забони суғдӣ «искӣ» маънои баландӣ, «дар» – маҳалла, макону дараро мефаҳмонад. Искандаркӯл ҳам, дар баландии 2195-2200 м (аз сатҳи баҳр) мавқеъ дорад, онро дар қадим кӯли «искотар» ё «искодар» меномиданд. Дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон деҳаҳои Искодар, Дардар, Искондарак, Исковати водии Зарафшон, Вискроғ, Виҷиск, Искад, Ванҷ, Искадари Кулоб, Сикати Боло, Сикати Пойини Вахё, Искандараки ш. Душанбе дар баландиҳо ҷойгиранд ва аз эҳтимол дур нест, ки нимҷазираи Скандинавия аз истилоҳи суғдӣ шояд «кӯҳҳои баланд»-ро мефаҳмонад.

Гарчанде «искодар» ва «искотар» бо истилоҳи «таран» мафҳуми мухталиф дошта бошад ҳам, мавқеъ ва маҳаллаи баландро ифода мекунанд. Вожаҳои «искодар» ва «искотар» ҳамрешаанд ва шаклҳои тағйирёфтаи Искандар маҳсуб меёбанд. Оид ба ин масъала ховаршинос Василий Владимирович Бартолд ба хулосае омадаст, ки Искандаркӯл дар интиҳои асри XVII номи ҳозираашро гирифтааст. Ҳамин тавр, бо мурури вақт ва таҳаввул ёфтани истилоҳоти қадимаи суғдӣ, топонимҳо аз «қӯл» ба кӯл, аз «искотар» ба Искандар ва дар охир ба истилоҳи таҳрирёфтаи Искандаркӯл гузаштааст, ки ба ҳақиқат рост меояд.

Помир

Кӯҳистони Помир пайвандгоҳи баландтарин кӯҳсори Осиёи Марказӣ ба монанди Ҳиндукуш, Қароқурум, Кунлун ва Тиён-Шон аст. Баландтарин нуқтаи Помир қуллаи Исмоили Сомонӣ ба баландии 7495 м мебошад. Ин қулларо аз соли 1932 то соли 1962 қуллаи Сталин ва аз соли 1962то соли 1998 қуллаи Коммунизм меномиданд. Дигар қуллаҳои баланди Помир қуллаи Истиқлолият (7165 м то июли 2006 – қуллаи Ленин), қуллаи Абуалӣ ибни Сино(6940 м, то июли соли 2006 – қуллаи Революция) ном доштанд.

Қуллаи Исмоили Сомонӣ яке аз куллаҳои кӯҳҳои баландӣ Тоҷикистон аст. Нуқтаи аз ҳама баландаш 7495 м мебошад. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ номаш қуллаи Коммунизм буд. Қуллаи Исмоили Сомонӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Дар асри 20 ин қуллаи кӯҳӣ ба мавзеи сайёҳии кӯҳнавардӣ мубаддал гаштааст ва яке аз минтақаи сайёҳии Бадахшон мебошад.

 

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное