News of the Ministry

Баргузории ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ

.

  

26 апрели соли 2024 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор гардид.

Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон бахшида ба рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ баргузор гардид

.

  

25 апрели соли 2024 дар толори меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварони Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 26-уми апрел ҳамчун «Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ» зери шиори «Ихтироот, аз ғоя то маҳсулот» баргузор гардид.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное