Вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Салтанати Умон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқомат дар Теҳрон)
2 марти соли 2022 вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Сафири навтаъини Салтанати Умон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқомат дар Теҳрон) Иброҳим ибни Аҳмад ал-Муайнӣ дар фазои дӯстиву бародарӣ баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.