Дар Душанбе мизи мудаввари муштарак дар мавзӯи «Таъмини устувории макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ дар шароити таъсири омилҳои беруна» баргузор гардид
Рӯзи 20 июни соли 2019 тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2019, №17195(29-11) таҳти роҳбарии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Завқизода Завқӣ Амин мизи мудаввари муштарак бо Шарикони Рушд бо мақсади ҷалби маблағгузории Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ ва 300 рӯзи ислоҳот баргузор гардид.
Тибқи рӯзнома Завқизода З. А. вобаста ба муаррифии Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, Нигина Анварӣ дар бораи 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Протибха Меҳта ва Стефано Эллеро оид ба нақши шарикони рушд дар татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирокчиён дар робита ба ҷалби маблағгузорӣ ба ин Нақшаи чорабиниҳо суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки бо назардошти тағйирёбии вазъи иқтисодии ҷаҳон ва таъсири он ба самтҳои муҳими иқтисодиёти миллӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018, №557 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ» қабул гардида, мақсади асосии он татбиқи сиёсати макроиқтисодӣ дар самтҳои буҷету андоз, пулию қарзӣ, тавозуни пардохт, бахши воқеӣ ва пешгирии таъсири хавҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ мебошад.
Ҳамзамон ҷиҳати идома додани ислоҳоти иқтисодӣ дар самти дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ нақшаи чорабиниҳои 300 рӯзи ислоҳот қабул гардидааст.
Мақсади асосии мизи мудаввари муштарак баррасии рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои зиддибӯҳронӣ ва 300 рӯзи ислоҳот, инчунин ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи сифатнок ва саривақтии ҳуҷҷатҳои мазкур буд.
Рунамо бо забони тоҷикӣ - «Таъмини устувории макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ дар шароити таъсири омилҳои беруна»
Рунамо бо забони англисӣ - «Таъмини устувории макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ дар шароити таъсири омилҳои беруна»