News of the Ministry



Иштироки ҳайти Тоҷикистон дар Конфронси вазирон оид ба СУС

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Дар ҷаласаи 9-ми Конфронси вазирони кишвархои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, ки 3-юм декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Балии Ҷумҳурии Индонезия оғоз ёфт, ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ширкат доранд.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони 159 давлати аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо иштирок меварзанд.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷараёни баргузории конфронси мазкур масъалаҳои вобаста ба соддагардонии расмиёти савдо, таъмини амнияти озуқаворӣ, баъзе паҳлуҳои соҳаи кишоварзӣ, тараққиёти кишварҳои сеюм ва ғайра мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Ҷаласаи 9-ми Конфронси вазирони кишвархои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо то 6- уми декабри соли 2013 идома меёбад.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное