News of the Ministry



Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ дар Вилояти Хатлон

.

Санаи 2 декабри соли 2020 ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ баргузор гардида, дар он омодагӣ дар Вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он ба зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласаи мазкур роҳбарияти вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он иштирок намудаанд.

Дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 супоришу тадбирҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2020-2021 дар 4 банд ва 42 зербанди Нақшаи чорабиниҳо пешбинӣ гардида, муҳлати иҷрои онҳо ва мақомоти иҷрокунанда ба таври мушаххас дарҷ гардидаанд.

Соли ҷорӣ дар асоси пешниҳодҳои вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ аз ҷониби Вазорат оид ба рафти иҷрои қарори зикргардида гузоришҳои ҷамъбастии ҳармоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шудааст.

Ҳамзамон бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии ҷараёни иҷрои қарори мазкур тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ таъсис дода шуда, ба Вилояти Мухтори Кӯҳитони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳрӣ ва шаҳри Душанбе сафари корӣ анҷом дода, аз рафти иҷрои қарори болозикр ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, аз ҷумла дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсатҳои матлубот, шабакаҳои барқи ва ғайраро мавриди омӯзиш қарор дода, гузоришҳои дахлдор ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намудааст.

Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199, қарори Раиси вилояти Хатлон аз 24 апрели соли 2020, №125 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилояти Хатлон барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021» ба тасвиб расонида, аз ҷониби сохторҳои марбута мавриди иҷро қарор дода шудааст.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳисоботҳо манзур гардида, дар ҷараёни ҷаласа Муовини Сарвазир муҳтарам Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ оид ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта вобаста ба маблағгузорӣ барои хариди маводи сухт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш, инчунин вобаста ба пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 ибрози назар карданд.

Дар охири ҷаласа муҳтарам муовини Сарвазир ба вазорату идораҳои дахлдор ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи захира ва сари вақт омода намудани соҳҳахои мухталиф супоришҳои қатъӣ доданд.