Туҳфаҳои солинавӣ ва кӯмакҳои моддӣ ба Мактаб - интернати н. Нуробод
Роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмакҳои моддӣ ва туҳфаҳои солинавӣ дастрас намуд.
Дар арафаи соли нави мелодӣ кӯмаки моддӣ, аз қабилӣ 15 халта орд, 75 литр равған, 100 килограмм биринҷ, 100 килограмм макарон ва 135 адад туҳфаҳои соли навӣ ба Мактаб - интернати мазкур супорида шуд.
Илова бар ин ба ятимон, маъюбон ва дигар шахсони эҳтиёҷманд ба 4 оилаи эҳтиёҷманд ва як қатор ятимону эҳтиёҷмандони ноҳияи Шоҳмансур ва дигар ноҳияҳои шаҳри Душанбе кӯмакҳои моддӣ ва туҳфаҳои солинавӣ низ расонида шуд.