News of the Ministry



Ҷамъбасти фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба муаррифӣ ва баррасии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2022 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2023-2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

 

Дар доираи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2020, №74-ф ва нақшаи баргузории рӯнамоҳо, ки бо фармоиши Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз 30 октябри соли 2020, №89 ба тасвиб расидааст, дар моҳҳои март-апрели соли ҷорӣ дар вазорат муаррифӣ ва баррасии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2022 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2023-2024 баргузор гардид.

Ҷаласаи ниҳоии Гурӯҳи корӣ санаи 30 апрели соли 2021 баргузор гардида, дар он дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рудакӣ муаррифӣ ва муҳокима гардиданд.

Ҷаласаро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло ҳусни оғоз бахшида, баён намуд, ки мақсад аз баргузории ҷаласа иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба муқовимат ба таҳдиду бӯҳронҳо, истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ва дар маҷмӯъ таъмини устувории макроиқтисодӣ мебошад.

Инчунин қайд гардид, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2022 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2023-2024 муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ, барномаҳои минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳия ва қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе «Дар бораи қабул ва эътироф намудани молу амволи коммуналии шаҳри Душанбе вобаста ба тағйир ёфтани сарҳади маъмурии шаҳри Душанбе» ба инобат гирифта шаванд.

Баъд аз муаррифӣ нишондиҳандаҳои пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи ҷаласа қарори дахлдор қабул гардид.