News of the Ministry



Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар арафаи иди саиди Фитр ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмаки моддӣ дастрас намуд.

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

Бо мақсади анҷом додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон ва эҳтиёҷмандон дар доираи ҳидоятҳои саховатмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иди саиди Фитр аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.

Кӯмакҳои моддии расонидашуда аз 60 адад либосҳои бачагона, 8 адад либосҳои духтарона, 99 адад пойафзоли бачагона, 30 адад пойафзоли духтарона, миқдори муайяни доруворӣ, 1 адад яхдон барои нигоҳдории доруворӣ ва як адад таҷҳизот барои тамизгардонии дастон иборат буда, барои беҳтаргардонии шароити зиндагӣ ва будубоши ятимон мусоидат менамояд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба муносибати иди саиди Фитр санаи 12 майи соли ҷорӣ таъкид намуданд, воқеан, додани хайроту садақот ва анҷом додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи имонии ҳар як шахси муъмину савобҷӯй мебошад.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное