Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
30 июн таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст масъала Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар нақшаи корӣ аз тарафи вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар нимсолаи дуюми соли 2021 дар маҷмуъ 8 масъала ва 6 чорабинии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пешниҳод гардидааст. Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2021 бо мақсади фаъолияти боз ҳам босамари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои ҳатмӣ ва босифати чорабиниҳои нақшаи корӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Сипас, дар кори маҷлис ҳисоботи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 таҳти рақами 160 “Дар бораи Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” шунида шуд.
Таъкид гардид, ки мақсади асосии қабули Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 рушди минбаъдаи соҳаи чорводорӣ, баланд бардоштани маҳсулнокӣ, зиёд намудани саршумори чорвои зотӣ ва истеҳсоли маҳсулот, таъмини аҳолӣ бо гӯшт, шир, тухм, моҳӣ, асал, инчунин соҳаи саноат бо ашёи хом ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошад. Ҳамзамон татбиқи амалии Барнома барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Тибқи маълумоти оморӣ дар давраи солҳои 2018-2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ нишондиҳандаҳои саршумори чорвои калон, бузу гӯсфанд, асп, паранда, истеҳсоли шир, гӯшт, тухм, моҳӣ ва асал марҳила ба марҳила афзун гардидааст, ки нисбати дурнамои Барнома зиёд мебошад.
Раванди омӯзиш ва таҳлили Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 собит намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқ гардидани имтиёзҳои додашуда ба рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ мусоидат намуда, дар маҷмуъ нишондиҳандаҳои барномаи мазкур дар солҳои 2018-2022 ба 116 фоиз баробар гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳо амалисозии Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022-ро пурра таъмин намоянд.
Дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ” муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Аъзои Ҳукумати мамлакат масъалаҳо Дар бораи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030, Дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030, Дар бораи Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024, Дар бораи Низомномаи шӯрои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ ва Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда, Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, Дар бораи номивазкунии объектҳои ҷуғрофии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи Тартиби истифодаи мошинҳои назоратӣ-хазинавӣ дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) ва низомҳои хазинаҳои шартан (вертуалӣ) ҳангоми анҷоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ, Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон “Шаҳнавоз”-ро баррасӣ намуданд.
Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо вобаста ба иҷрои ҳатмии супоришҳои қаблии Ҳукумати мамлакат ва маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ-30-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили парвардаи заҳматкашон, аз қабили ғалладонагиҳо, мевагӣ, сабзавот ва полезиҳо, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат ва суръатбахшии кишти такрорӣ, инчунин омодагии ҳамаҷониба ба маъракаи зимистонгузаронӣ дар кишвар, супоришҳо доданд.
Дар хотимаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии “Ковид-19”, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ барои эмин нигоҳ доштани саломатии мардуми Тоҷикистон, бори дигар таъкид намуданд, ки масъалаи ваксинагузаронӣ риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти шахсию ҷамъиятӣ, таъмини доруворӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ, бо маводи безараргардонӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро ба таври қатъӣ назорат намоянд.
http://president.tj/node/26057