News of the Ministry



Вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва коҳишдиҳии сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

.

28 сентябри соли 2021 дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Ӯзбекистон: дастовардҳо ва дурнамои ислоҳоти иқтисодӣ», ки рӯзҳои 29-30 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад, вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва коҳишдиҳии сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Норқулов Илҳом Иброҳимович дар фазои дӯстиву бародарӣ сурат гирифт, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Абдураҳмонзода А.С. қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои кушод, дӯстона ва созанда доир гашт, ҷонибҳо сатҳу сифати баланди муосири муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро муҳокима карда, қайд намуданд, ки маҳз натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи роҳбарони ду давлати ҳамҷавор ва бо ҳам дӯст буд, ки имрӯз Тоҷикистону Ӯзбекистон ба яке аз шарикони стратегӣ ва боэътимод мубадал гардидаанд.

Ҳамзамон ҷонибҳо дар доираи вохӯрии мазкур ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ба ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, моделсозиву дурнамосозӣ, инчунин рафти иҷрои муқаррароти Протоколи ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва истифода аз имконоту иқтидорҳои мавҷуда вобаста ба боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.