News of the Ministry



Иштироки Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо дар Форуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Ӯзбекистон: дастовардҳо ва дурнамои ислоҳоти иқтисодӣ»

.

 

29-30 сентябри соли 2021 Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дар Форуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Ӯзбекистон: дастовардҳо ва дурнамои ислоҳоти иқтисодӣ», ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, ширкат варзида, суханронӣ намуд.

Абдураҳмонзода А.С. барои пазироии гарму самимона ва ташкили шароити хуб барои Форуми мазкур миннатдорӣ баён намуда, қайд кард, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба принсипҳои шарикии стратегӣ, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек асос ёфта, ба умқи таърих дохил мешаванд.

Ин ҳамкории стратегӣ ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони мо, Президентҳои ду кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев босуръат рушд карда истодааст.

Боиси хушнудист, ки дар 8 моҳи соли 2021 тиҷорати дуҷониба байни кишварҳои мо 27 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо дар рафти суханронии худ иштирокчиёни Форумро бо дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, соддагардонии расмиёти савдо ва тиҷорати электронӣ шинос карда, инчунин Равзанаи ягона ва Портали савдои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.