News of the Ministry



Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар вазорат ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

.

 

24 ноябри соли 2021 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавии ҳайати кормандони вазорат ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ифтитоҳ намуда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти вазорат ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ табрику муборакбод намуда, қайд кард, ки Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосир, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштагони мо, ҳамзамон ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми кишвар мебошад.

Ҳамзамон Завқизода З. А. қайд кард, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: "Парчами давлатӣ сокинони кишвари моро дар майдони ободониву созандагии Ватан муттаҳид намуда, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии онҳоро тавсеаву тақвият мебахшад".

Дар ҳамоиш кормандони вазорат дар васфи Парчами миллӣ суханронӣ намуданд ва қайд карданд, ки Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳувияти миллати куҳанбунёди мо буда, волотарин мақсаду мароми мардумро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Дар итминони ҳамоиш бори дигар Завқизода З.А. бо камоли эҳтиром ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро табрику таҳният намуда, дар ҳаёти шахсӣ бахту саодат ва дар фаъолияти корӣ пешравию комёбиҳо таманно намуд.