News of the Ministry



Табрикоти солинавӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 Ҳамкасбони азиз,

 Аз номи роҳбарият ва аъзои мушовараи вазорат Шумо ва аҳли наздиконатонро бо фарорасии соли нави 2022 самимона шодбош гуфта, некӯаҳволӣ, бахту пирӯзиҳо, зиндагонии босаодат ва толеи баланд орзу мекунам.

Дар остонаи Соли нав ҳар кадоми мо дастовардҳо, бурду бохтҳои соли 2021-ро пеши назар оварда, дар соли нав нақшаҳои навро тарҳрезӣ менамоем.

Воқеан, соли сипаригашта таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯйдодҳои бузургаш, пеш аз ҳама ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҷаласаҳои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва сарони кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ соли натиҷабахшу хотирмон боқӣ мемонад.

Дар натиҷаи амалӣ намудани Нақшаи зиддибуҳронии Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсири омилҳои берунӣ вобаста ба паҳншавии пандемияи коронавирус ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ то андозае пешгирӣ ё кам карда шуда, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар сатҳи нисбатан муътадил таъмин гардиданд.

Дар робита ба ин аҳли коллективи вазорат дар самтҳои таҳлил ва дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, танзими савдои хориҷӣ ва дохилӣ, мониторинги барномаҳо ва тақвияти минтақаҳо, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, фаъолияти МОИ ва моликияти зеҳнӣ тадбирҳои амалиро дар соли сипаригашта роҳандозӣ намуданд.

Аз ҷумла вазорат лоиҳаҳои Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи миёнамуҳлати иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 таҳия намуд, ки ҳамаи онҳо бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул шуданд.

Умедворам, ки мову Шумо дар соли 2022 ҷиҳати иҷрои ҳадафу афзалиятҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва иҷрои вазифаҳои худ талоши аз ин бештар менамоем.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шуморо бо соли нави 2022 табрик намуда, орзу дорам, ки соли нав барои ҳар кадоми Шумо соли бахосият, тинҷиву амонӣ, файзу баракат ва дастовардҳои наву тоза гардад.

Соли наватон муборак бошад.

 

Бо эҳтиром,

Вазири рушди иқтисод ва савдо                                                                                      Завқизода З.А.

 

 

 

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное