News of the Ministry



Табрикоти Вазири рушди иқтисод ва савдо ба ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Содиқова ба муносибати ҷаҳонӣ шудани «Фалак»

.

3 январи соли 2022 дар партави раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ба аёдати ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, баррандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, собиқадори меҳнат Гулчеҳра Содиқова рафта, ӯро ба муносибати аз ҷониби ЮНЕСКО боз як намунаи мероси фарҳанги миллии мо - «Фалак» ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидан ва соли нави мелодии 2022 табрик намуда, туҳфаҳо тақдим кард.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки Гулчеҳра Содиқова аҳли оила ва шогирдони Шумо дар татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти нигоҳ доштан ва рушд додани Фалаки тоҷик нақши арзанда доред, маҳз ба ҳамин хотир хизматҳои Шумо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ қадрдонӣ шудаанд.

Қайд бояд кард, ки Гулчеҳра Содиқова 31 октябри соли 1941 дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ҳунарнамоиро аз синни хурдсолӣ аз синфи дуюм оғоз кардааст.

Ҳанӯз дар синфи дуюм Гулчеҳра миёни мардум бо унвони "Гулчеҳраи фалакхон" ном бароварда буд ва дар ҷашнҳои миллӣ барои ҳамдиёрони худ таронаҳои дилфиребу дилангез месуруд.

Дар ҳамон айём Гулчеҳра Содиқова дар озмуни фалаксароён ширкат карда, ҷои аввалро сазовор мегардад. Баъд аз як моҳ Содиқоваро ба шаҳри Душанбе (собиқ Сталинобод) даъват карданд ва дар ин озмун низ ҷои аввалро соҳиб шуд.

Баъд аз он дар давоми фаъолияти эҷодии худ ба кишварҳои зиёди хориҷӣ сафар карда, ҳунари волои мардуми тоҷикро бо истеъдоди баланди фалаксароӣ ва либосҳои миллӣ ба хориҷиён муаррифӣ намуда, дар якчанд чорабиниҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои аввал гардидааст.

Гулчеҳра Содиқова соҳиби панҷ писар аст, ки ҳамаи онҳо роҳи санъатро пеш гирифта, аз ӯҳдаи навохтани созу асбобҳои мусиқии милливу муосир ба хубӣ мебароянд.