News of the Ministry



Бо иштироки роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 баргузор гардид

.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўзи 8 январи соли 2022 бо иштироки роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ноҳияи Панҷ маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 баргузор гардид.

 

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ гузориши масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва корҳои анҷомдодашуда ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ шунида шуда, вазифаҳо барои соли 2022 муайян карда шуданд.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо - Насриддинзода Р. дар маҷлиси ҷамъбастӣ баромад намуда, ҷиҳати иҷрои супоришҳои муҳтарам Пешвои муаззами миллат масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷро барои дар сатҳи баланд таҳия ва амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, истифодаи оқилонаи замин, гирифтани 3-4 ҳосил, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, аз ҷумла пурра бо иммунизатсия фаро гирифтани аҳолӣ, инчунин ҳалли саривақтии масъалаҳои ҷойдошта дар ноҳия супоришҳои мушаххас дод.

Дар ҷамъбасти маҷлис кормандон ва сокинони фаъоли ноҳия барои саҳмгузорӣ дар рушду нумўи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.