News of the Ministry



Ҷамъомади идона бахшида ба «Рӯзи Модар»

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба «Рӯзи Модар» ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зертобеъ баргузор карда шуд.

Ҷамъомадро бо сухани табрикотӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо - Завқизода Завқӣ Амин оғоз намуда, иброз доштанд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар дар кишварамон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди бонувон дар ҷомеаи мо мебошад.

Сипас саҳми арзандаи занонро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар қайд карда, аз суханони муҳтарам Пешвои миллат ёдоварӣ карданд:

«Модар барои ҳар як шахс ниҳоят азизу гиромӣ ва муқаддастарин инсон мебошад».

Модар барои фарзанд дарҳои илму маърифатро боз мекунад, яъне аввалин омӯзгори фарзанд мебошад, ба хотири орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат беминнат талош меварзад».

Дар интиҳои ҷамъомад бонувон бо туҳфаҳои сазовор қадрдонӣ карда шуда, якчанд нафари онҳо ба ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное