News of the Ministry



Ҷаласаҳои навбатии Зеркумитаи рушди ҳамкорӣ ва Кумитаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардиданд

.

10-11 марти соли 2022 тариқи видеоконфронс ҷаласаҳои навбатии Зеркумитаи рушди ҳамкорӣ ва Кумитаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардиданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаҳои мазкур Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва ҳайати Иттиҳоди Аврупоро Сардори Раёсати сиёсати хориҷии Аврупо оид ба Россия, шарикии Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва САҲА Люк Девин, Сардори Раёсати Шарқи Наздик/Халиҷи Форс ва Осиёи Марказӣ, Директори генералӣ оид ба шарикии байналмилалии Комиссияи Аврупо Сара Риналди, инчунин Сардори Раёсати Осиёи Марказӣ ва Хадамоти робитаҳои хориҷии Аврупо Дитмар Крисслер роҳбарӣ намуданд.

Ҷонибҳо тибқи рӯзномаи ҷаласа ба таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, тандурустӣ, маориф, энергетика, рушди деҳот, дастгирии буҷет, амнияти сарҳадӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, иқтисоди сабз, рақамикунонӣ, таъсиси технопаркҳо ва технологияҳои рақамӣ, иштирок дар маблағгузории сохтмони НБО Роғун, шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо (GSP+), ҳамчунин мусоидат ба тиҷорат ва татбиқи системаи тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд.

Ҳамзамон дар рафти ҷаласаҳои мазкур Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда дар доираи Барномаи нави бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021-2027, ки дар 4 соли аввал ҷудо намудани 91 миллион евро пешбинӣ шудааст, муаррифӣ гардид, инчунин ҷониби Иттиҳоди Аврупо омодагии худро ҷиҳати пешниҳод намудани грантҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 15 млн. евро дар бахши энергетика ва 14 млн. евро дар бахши ҳифзи муҳити зист иброз дошт.

Илова бар ин аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди ҳамкориҳои минбаъда ба Иттиҳоди Аврупо якчанд лоиҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла лоиҳаҳои «Рушди инфрасохтори иҷтимоӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон», «Консепсияи барномаи ҳамкорӣ барои рушди маҳал дар Тоҷикистон», «Тақвияти низоми моделсозӣ ва дурнамосозии макроиқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдо», Созишномаи молиявӣ вобаста ба «Барнома оид ба пешгирии паҳншавии нашъамандӣ дар Осиёи Марказӣ (КАДАП-7)» ва «Таъсиси технологияҳои бисёрхизматии алоқа байни сохторҳои қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ» ҷиҳати маблағгузорӣ пешниҳод гардиданд.

Дар ин асос ҷаласаи 9-уми Кумитаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар фазои дӯстона ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, дар доираи он протоколи ҷаласаи 8-уми Кумитаи ҳамкорӣ, ки 28 июли соли 2020 тариқи видеоконфронс баргузор гардида буд, тасдиқ гардид.