News of the Ministry



Иштирок дар нишасти 6-уми Гурӯҳи кории Осиёи Марказӣ оид ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ

.

Рӯзҳои 18-19 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон нишасти 6-уми Гурӯҳи кории Осиёи Марказӣ оид ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо Шерзода Ситора, муовини директори Агентии содирот Раҳимзода Баҳодур ва намояндаи вазорати кишоварзӣ, инчунин намояндагони бахши хусисӣ иштирок намуданд.

Гурӯҳи кории мазкур бо мақсади муҳокимаи нақшаҳои ҳамкориҳои минбаъда ва таҳияи мавқеи мувофиқашуда оид ба лоиҳаҳои амаликунанда дар самти содироти маҳсулоти кишоварзии Осиёи Марказӣ ҳар сола баргузор мегардад.

Дар нишасти 6-уми гурӯҳи кории номбурда ҷонибҳо масъалаҳои стандартҳои сифат ва навъи маҳсулот, истифодаи иттилооти савдо ва бозор барои пешбурди содирот, татбиқи стандарти байналмилалии Global G.A.P. ва дигар стандартҳои соҳавӣ дар байни истеҳсолкунандагон, коркардкунандагон ва содиркунандагон ва ҷорӣ намудани стандартҳои бехатарии озуқавориро баррасӣ намуданд.

Аз натиҷаи нишасти қайдгардида ҷонибҳо барои пешбурди содироти маҳсулоти кишоварзӣ нақшаҳои гурӯҳи кории техникии Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2023 ва лоиҳаҳои як қатор маводҳои тафсирӣ, стандартҳо ва методологияи пешниҳоди маводҳоро мувофиқа карданд.