News of the Ministry



Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX) бо иштироки Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Рӯзи 20 апрели соли 2022 ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии (GTEX) Маркази байналмилалии савдо (МБС), ки аз ҷониби Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (СЕКО) маблағгузорӣ карда мешавад, бо иштироки намояндагони мақомоти давлатию бахши хусусӣ ва бо роҳбарии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ баргузор гардид.

Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ солҳои 2022-2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд ва бо мақсади дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди содироти маҳсулоти дохилӣ, махсусан молҳои нассоҷӣ, инчунин содагардонии расмиёти он то имрӯз як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд.

Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2016, №529 Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо таъсис дода шуд, ки аъзои он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ ба ҳисоб мераванд.

Инчунин ҷиҳати шаффоф гардонидани сиёсати савдои кишвар Портали савдои Тоҷикистон (www.tajtrade.tj) муаррифӣ карда шуд, ки бо 3 забон маълумотро оид ба 55 расмиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ (зиёда аз 1500 номгӯи маҳсулот) дар бар мегирад.

Ҷиҳати амалӣ гардонидани барасмиятдарории гумрукии электронии молу воситаҳои нақлиёт дар асоси қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» паc аз давраи пилотӣ пурра ба фаъолият шурӯъ кард.

Илова бар ин бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул гардидааст, ки дар он тақвияти фаъолияти содиротии маҳсулоти дохилии кишвар, бахусус ба бозорҳои кишварҳои хориҷӣ баровардани маҳсулоти нассоҷӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар ҷаласа ҳамзамон аз ҷониби намояндагони бахши хусусӣ оид ба фаъолият ва иқтидори истеҳсолияшон рӯнамо пешниҳод гардида, қайд карда шуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳа соҳибкорони ватанӣ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, аз ҷумла содироти маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар соли 2021 74 млн. долари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда назар ба соли 2020 (58,8 млн долари ИМА) ба 25.8% афзуд.

Қайд бояд кард, ки бо назардошти натиҷаҳои бадастомада СЕКО маблағгузории барномаро барои ду соли дигар тамдид намудааст.

Абдураҳмонзода А. С. ҷониби СЕКО ва МБС-ро ҷиҳати иштирок дар татбиқи ҳадафҳои дар ҳуҷҷатҳои стратегӣ пешбинишуда даъват намуд.

Намояндагони СЕКО дар навбати худ дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи барнома ва самти содагардонии расмиёти савдо баланд арзёбӣ намуда, умедвории худро ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои мутақобилан судманд баён намуданд.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное