News of the Ministry



Вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Муовини директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (СЕКО)

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

25 апрели соли 2022 вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Муовини директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (СЕКО) Ришар Шеневар дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатӣ қайд намуданд, ки дар ояндаи наздик сиёсати давлатӣ дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ бояд дар се самт - пешбурди содирот, диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва содагардонии расмиёти савдо амалӣ карда шавад.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба татбиқи барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX), дастовардҳо ва самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъдаро муҳокима карданд.

Инчунин Абдураҳмонзода А. С. ҷиҳати пайгирии ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоии дуҷониба баргузории ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тарафҳоро дар соли 2022 мувофиқи мақсад шуморид.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо вобаста ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария дар самти рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо, Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Портали савдои Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар самтҳои қайдгардида пешниҳодҳо манзур карда шуд.

Ҳамзамон ҷиҳати ҳамкорӣ дар доираи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 таклифҳо барои татбиқи Нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкур ба амал оварда шуд.

Намояндагони СЕКО низ дар навбати худ пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистонро пазируфта, қайд намуданд, ки аз ҷониби ин кишвар Барномаи нав дар самти рушди занҷираи арзиши иловашудаи маҳсулоти кишоварзӣ мавриди таҳия қарор дошта, дар доираи он дар қатори дигар кишварҳо ба роҳ мондан ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии ба содирот нигаронидашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное