News of the Ministry



Боздиди Вазири рушди иқтисод ва савдо ва Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд аз осеби сел ба иншоотҳои ноҳияи Панҷ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти идомаи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ санаи 6-уми майи соли 2022 сафари кории Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд ҷаноби Иброҳим Шукрӣ ба ноҳияи Панҷ анҷом дода, аз осеби сели санаи 3-4 майи соли ҷорӣ рӯйдода, бахусус пойгоҳҳои обрасонӣ, роҳҳо, заминҳои кишоварзӣ корҳои бартарафсозии он, аз наздик шинос шуданд ва бо сокинони ноҳия вохӯри гузарониданд.

Дар рафти мулоқот сокинони ноҳия иброз доштанд, ки яке аз мушкилии асоси сокинон ин дар ҳолати корношоямӣ қарор доштани пойгоҳҳои обкашӣ мебошад ва ҳалли он барои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия, аз ҷумла ба гардиши кишоварзӣ даровардани 1,5 ҳазор гектар замин, зиёд намудани истеҳсол, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар доираи мулоқоти дуҷонибаи байни Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии БИР аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд ҷаноби Иброҳим Шукрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БИР, ҳолати татбиқшавии лоиҳаҳои амаликунандаи БИР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби маблағҳои имтиёзнок вобаста ба таъсири омилҳои берунӣ, лоиҳаҳои нави афзалиятнок, зиёд кардани сармояи умумии БИР ва дурнамои ҳамкориҳои миёнамуҳлат мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар робита ба ин Завқизода З. А. аз Директори минтақавии БИР дархост намуд, ки маблағгузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ вобаста ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, инчунин ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, иқтисоди рақамӣ, иқтисоди сабз, аз ҷумла сохтмони НБО «Роғун», кишоварзӣ, обёрӣ ва беҳдошти замин, саноат, нақлиёт, маориф ва тандурустӣ зиёд карда шавад.

Дар навбати худ Директори минтақавии БИР ҷаноби Иброҳим Шукрӣ омодагии худро барои дастгириву маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.

Инчунин дар идомаи вохӯрӣ корҳои омодагӣ ва масъалаҳои ҷаласаи 47-уми Шӯрои мудирони БИР, ки баргузории он рӯзҳои 3-4 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Шарм-эл-Шайхи Миср ба нақша гирифта шудааст муҳокимаронӣ гардиданд.

Қайд бояд кард, ки то имрӯз аз ҷониби БИР 86 лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 641 млн. доллар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда, айни замон 23 лоиҳа ба маблағи 284,6 млн. доллар амалӣ мегардад.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное