News of the Ministry



Шарҳу тафсири Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобатии забони тоҷикӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

10 май бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар машварати корӣ баргузор гардид.

Дар семинар оид ба муҳиммияти дуруст истифода бурдани аломатҳои китобатӣ ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳангоми таҳлили санадҳо, навиштани мактубу дархост ва дигар ҳуҷҷатҳои идорӣ ва иҷрои қарори қайдшуда дар вазорат таъкид гардид.

Дар чорабинӣ Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон вобаста ба шарҳу тафсири қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, дуруст истифода бурдани онҳо ҳангоми навиштан ва Мовини раиси Кумитаи номбурда Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло оиди аломатҳои китобатии забони тоҷикӣ баромад карда, ба саволҳои иштирокдорон посухҳои мушаххас доданд.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи забон ва истилоҳот якчанд китобҳо ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобатии забони тоҷикӣ, ҳамчун туҳфа ба китобхонаи вазорат тақдим гардид.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное