Ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ
Рӯзи 18 майи соли 2022 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва раванди иҷрои Нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022, №116 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини якуми Вазир Солеҳзода А. А. ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа аз ҷониби Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷ. К., Муовини Вазири энергетика ва захираҳои об Шарифа Х., инчунин намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, нақлиёт, кишоварзӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва БДА ҶТ «Амонатбонк» гузоришҳои муфассал пешниҳод карда шуданд.
Дар рафти ҷаласа корҳои анҷомдодашуда дар самти дарёфти роҳу усулҳои алтернативии пардохтҳои байнибонкӣ ва кушодани суратҳисобҳои муросилотии ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар дар бонкҳои хориҷӣ, таъминоти молистеҳсолкунандагони ватанӣ бо асъор, ҷалби маблағҳои грантӣ барои дастгирии буҷети давлатӣ ва соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар, таҷдиди назар намудани қарордодҳои корхонаву муассисаҳо ва воридкунандагони молу маҳсулот вобаста ба иваз кардани асъори пардохти онҳо, дарёфти хатсайрҳои боркашонии алтернативӣ барои воридоти ашёи хом ва таҷҳизот аз дигар кишварҳо ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз натиҷаи ҷаласаи ситод гузориши муфассал бо қарору таклифҳои дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад.