News of the Ministry



Ҷаласаи Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ

.

Рӯзи 17 майи соли 2022 зери роҳбарии Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой бо иштироки намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимлӣ ва кормандони ӯ, аъзои Шӯро аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенсӣ” бо дастгирии намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси навбатии Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо оғоз намуда, қайд кард, ки фаъолияти Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ барои расидан ба ҳадафи олии стратегӣ, яъне баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум бар пояи рушди устувори иқтисодӣ равона гардида, масъалаҳои дар ҷаласаи Шӯро матраҳшаванда муҳим ва рӯзмарра мебошанд.

Сипас аз ҷониби намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии омор ва Бонки Ҷаҳонӣ вобаста ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ рӯнамоҳо, аз ҷумла ислоҳот дар самти тадқиқоти буҷети хонаводагӣ, барномаи давлатии кӯмакҳои иҷтимоии суроғавӣ ва беҳтар намудани арзёбии сатҳи камбизоатӣ пеншниҳод гардиданд.

Дар интиҳо қарор карда шуд, ки фаъолияти Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ тақвият ёфта, ҳар сол тибқи тартиб баргузор карда мешавад.