News of the Ministry



Густариш додани ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия

.

19 майи соли 2022 мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Муовини вазири саноат ва технологияҳои Туркия Четир Али Донмез баргузор гардид, ки дар доираи он густариши ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Раҷаб Тайиб Эрдуғон муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои сарони ҳар ду давлат ва таваҷҷуҳи хосаи онҳо ба тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистону Туркия дар соли 2021 то ба 390,5 миллион доллар ё 21 фоиз нисбат ба соли 2020 афзоиш ёфтааст.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои коркарди нахи пахта, меваю сабзавот ва ҳамкорӣ дар самти иқтисодӣ сабз, аз ҷумла истеҳсоли нерӯи барқ аз нури офтобро баррасӣ намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.