News of the Ministry



Иштирок ва суханронӣ дар иҷлоси 78-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО)

.

23 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси 78-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО), ки ба таври маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар кори иҷлос ҳамчунин, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш, Раиси Маҷмаи Умумии СММ Абдулло Шаҳид, Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором Армида Алишахбону, роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Таиланд, Гурҷистон, Индонезия, Ҷазираҳои Маршал, Бангладеш, Камбоҷа, Фиҷи, Малайзия, Самоа, Ветнам, Зеландияи Нав ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи кишварҳои аъзои ЭСКАТО-ро ба муносибати 75-солагии таъсисёбии он табрику таҳният гуфтанд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон аз мавзӯи ҳамоиши имрӯза таҳти унвони “Рӯзномаи умумӣ барои мусоидат ба рушди устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором” истиқбол менамояд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсири буҳрони бемории ҳамагири КОВИД-19 ба иқтисоди кишварҳо, талошҳои муштарак ҷиҳати мубориза бар зидди беморӣ, коҳиш додани паҳншавии он ва идомаи пайомадҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар миқёси ҷаҳон, андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки бо саъю кӯшиши муштарак мо тавонистем таҳдидҳои дар натиҷаи паҳншавии КОВИД-19 зуҳуркардаро то андозае коҳиш диҳем.

Имрӯзҳо ба шарофати тадбирҳои саривақтии зиддибуҳроние, ки аз ҷониби ҳукумат ҷиҳати ҷилавгирӣ аз таъсири ҳамагирӣ ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар амалӣ карда шуданд, тамоюли эҳёи иқтисод пас аз бемории КОВИД-19 мушоҳида мегардад. Ҳамин тариқ, дар соли 2021 рушди иқтисодӣ дар кишвар 9,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин 4,7 фоиз зиёд мебошад.

Ба андешаи Президенти мамлакат афзоиши талаботи истеъмолӣ, сармоягузории хориҷӣ, эҳёи раванди рушди иқтисод ва савдои ҷаҳонӣ аз омилҳои асосии мусоидат кардан ба суръати баланди рушди иқтисодӣ, ба ҳисоб мераванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор зарурати таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии фаъолияти бисёрҷанбаи ҳамлу нақл, рушди инфрасохтори он, таъсиси марказҳои логистикии минтақавӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, инчунин, низоми зеҳнии нақлиётӣ дар доираи ЭСКАТО-ро, ки метавонад кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра берун бароварда, ба як кишвари транзитӣ мубаддал созад, ба миён гузоштанд.

Барои амалисозии нақшаву барномаҳо оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба об таъкид гардид, ки дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва саҳмгузор дар ин самт, Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”-ро 6-9 июни соли равон дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе баргузор мекунад.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҳамоиши ЭСКАТО барори кор орзу карда, бо итминон изҳор доштанд, ки ҳамаи кишварҳои аъзои ЭСКАТО дар ҳамоиши сатҳи баланд дар Душанбе фаъолона ширкат меварзанд.

http://president.tj/node/28353