News of the Ministry



Баргузории семинар-машварат оид ба хизматрасониҳои нави электронии бонкӣ ва вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ

.

31 майи соли 2022 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мақсади муаррифии имкониятҳои нави хизматрасониҳои БДА ҶТ «Амонатбонк» бо иштироки муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло, кормандони бонк ва дастгоҳи марказии вазорат семинар-машварат баргузор гардид.

 

Восидиён Ф. С. ҷаласаро оғоз намуда, ба ҳозирин оиди самаранокии истифодаи технологияҳои рақамӣ ва гузариши пурра ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ маълумот пешниҳод намуданд.

Сипас намояндагони бонк оид ба имкониятҳои нави хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла оиди истифодаи хизматрасонии овердрафтӣ рӯнамо манзур намуда, ба ҳозирин моҳияти хизматрасонии мазкурро фаҳмониданд.

Дар идомаи ҷамъомад намояндагони бонк ба саволҳои иштирокдорон посухҳои мушаххас доданд.

Дар анҷоми чорабинӣ Восидиён Ф. С. аз қуллай ва осон истифода бурдани ҳисобаробаркуниҳои электронӣ васф карда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати истифодаи ҳарчи бештари хизматрасониҳои электронии бонкӣ, бахусус ба роҳ мондани пардохтҳо тариқи ғайринақдӣ фаъол бошанд.