News of the Ministry



Ҷаласаи чордаҳуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо (КҲСРС) баргузор гардид

.

Рӯзи 1 июни соли 2022 ҷаласаи чордаҳуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо (КҲСРС) бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба татбиқи супоришҳои қаблии КҲСРС, раванди амалигардонии «Реҷаи гармӣ», инчунин мушкилот дар самти дастрас намудани рухсатнома барои воридшавӣ ва хориҷшавии воситаҳои нақлиёти боркаш мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.         

 Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои қайдшуда мунтазам вазорату идораҳо якҷо бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд дар доираи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо чораҳои амалӣ меандешанд.

 Абдураҳмонзода А. С. қайд намуд, ки мақсади асосии баргузор намудани ҷаласаҳои КҲСРС иҷрои саривақтӣ ва сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми навбатии худ вобаста ба суръат бахшидани корҳо ҷиҳати рақамикунонии иқтисоди миллӣ, рушди иқтисоди сабз ва содагардонии расмиёти савдо ба мақомоти дахлдор супориш доданд, мебошад.

 Дар кори ҷаласа муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ сурат гирифт, ки масъалаҳои баррасишаванда бевосита ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва рушди босуботи иқтисодии кишвар мусоидат менамоянд.

 Аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷиҳати чораҷӯӣ ба вазорату идораҳо ирсол карда шуд.